Раиси Масчо: масъулон, аввал фарзандони худро сарбозӣ фиристед!

© Фото : Администрация Матчинского района РТПредседатель района Мастчох Гайрат Азиззода
Председатель района Мастчох Гайрат Азиззода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси ноҳияи Масчо таъкид кард, хидматгузорони кишварӣ бояд пеш аз ҳама пайвандони худро ба хизмати низомӣ гусел кунанд
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Раиси ноҳияи Масчо Ғайрат Азиззода дар ҷаласаи ҳукумати ноҳия аз раванди иҷрои нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хидмати низомӣ дар ноҳия интиқод кард.

Равобити умумии ҳукумати ноҳияи Масчо гузориш медиҳад, ки раиси ноҳия дар ин ҷаласа гуфт, масъулин барои иҷрои нақшаи сарбозгирӣ ҳама имконотро ба кор нагирифтаанд.

Ғайрат Азиззода таъкид кард, ки коргузорон — масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, хидматгузорони давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони маҳаллаҳо ва имомхатибон пеш аз ҷалби фарзандони коргару деҳқон бояд  фарзанду бародару наздикону пайвандони худро ба хидмати низомӣ гусел кунанд.

Дар ин сурат сухани онҳо дар ҷамъият асаргузор ва нишонрас хоҳад буд, афзудааст раиси ноҳия.

Лентаи хабарҳо
0