Ҳушдор аз КҲФ: бориши шадид, сел, туфони ғуборолуд, сангрезишу тарма

© Sputnik / Анатолий УстиненкоФаромадани сел, акс аз бойгонӣ
Фаромадани сел, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бино ба гузориши Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон аз 27-ум то 30-уми апрели соли равон дар қаламрави кишвар боду ҳавои тағйирёбанда пешбинӣ шудааст. КҲФ аз шаҳрвандони кишвар дархост карда, ки дар ин рӯзҳо эҳтиёкор бошанд
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба иттилоъи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши Созмони ҳавошиносӣ аз 27-ум то 30-уми апрел дар қаламрави ҷумҳурӣ тағйир ёфтани боду ҳаво пешбинӣ шудааст.
Дафтари матбуоти КҲФ Тоҷикистон гузориш дода, ки дар ин рӯзҳо дар водиҳо боронҳои шадиди селосо борид ва бод аз самти ғарб бо шиддати 20-25 метр дар сония мевазад, эҳтимоли туғёни оби рӯдхонаҳо вуҷуд дорад.

Дар бархе аз манотиқ резиши жола низ пешбинӣ шуда ва эҳтимол дорад хаттҳои интиқоли барқро барканад. Бар асари боди тунд бомҳои хонаҳо осеб мебинанд, лағзиши замин, шикастану решакан шудани дарахтҳо низ аз эҳтимол дур нест. Хатари раъду барқ низ таҳдид мекунад.

Дар куҳсор, дар баландиҳои бештар аз 2500 метр, шабонгаҳон боронҳои шадид хоҳад борид ки ба тарбарф хоҳад гузашт. Боришот муҷиби омадани сел, сангрезиш ва лағзиши тарма, бавижа дар риштакӯҳҳои Ҳисор ва дараҳои Помир шуда метавонад.  Дар ҷануби кишвар эҳтимоли туфони ғуборолуд вуҷуд дорад.

Аз ин рӯ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании  Тоҷикистон аз аҳолӣ хоҳиш мекунад дар истифодаи роҳҳои куҳӣ эҳтиёкор бошанд, воситаҳои нақлиёти худро барои сафар дар чунин шароит аввал омода созанд.

То имкон доранд аз рафтан ба манотиқи хатарзо, оғози кишту кор, ҳезумчинӣ ва шикор дар кӯҳҳо худдорӣ кунанд.

Лентаи хабарҳо
0