ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik.Дар чорчубаи чемпионати Осиё- 2017 мунтахабаи ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол, бо ҳарифонашон аз Узбакистон бозии дустона доир намуда, дар он бо ҳисоби 7:4 ғолиб омаданд.
Бозии дӯстона 25-уми апрели соли ҷорӣ дар маҷмааи варзишии "Универсал"- Тошканд баргузор гардид.
Давраи аввали вохӯрии варзишгарони тоҷику узбек бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи футболбозони тоҷик ба анҷом расид. Дар давраи дуввуми бозӣ низ футболбозонитоҷик тавонистанд 4 голи дигар ба дарвозаи ҳарифашон равон кунанд. Дар натиҷа ҳисоб бо 7:4 ба анҷом расид.
Имруз, давраи такрории сабқати футболбозон дар Тошканд баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро футболбозони то 20-сола намояндагӣ карданд.