Беэҳтиётии ронанда сабаби марги бибӣ ва набераи хурдсол гашт

© Sputnik / Александр Нестеров / Гузариш ба медиабонкСадама, акс аз бойгонӣ
Садама, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Марди 26-сола, ронандаи автомашинаи “Лексус” аз беэҳтиётӣ дар назди хонаи як нафар сокини ноҳияи Рудакӣ ба садама дучор шудааст, ки дар натиҷа зани 46-солаи аъзои хонавода ва набераи 2-солаи вай кушта шуданд

ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik.Дафтари матбуоти Тоҷикистон аз як ҳодисаи нохуш дар ноҳияи Рудакӣ хабар медиҳад. Марди 26-сола, ронандаи автомашинаи "Лексус"  ҳангоми ҳаракат дар роҳ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт баромада натавониста,  дар назди хонаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба садама гирифтор мешавад, ки дар натиҷа аъзои хонавода — бибӣ ва набера ба ҳалокат мерасанд.

Тибқи иттилои манбаъ, 24-уми апрели соли ҷорӣ, тахминан соати 16:05-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Лексус RX-330", марди 26-солаи сокини ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Лоҳур ба самти ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори хонаи истиқоматии марди 29-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бархурда, зани 49-солаи сокини ноҳияи Восеъ ва набераи хурдсолаш, писарбачаи 2-соларо пахш намудааст.

Дар натиҷа ҳар ду ҷабрдида аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонии бардоштаашон, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Лентаи хабарҳо
0