“Ба манфиати мардум”: умеди Э. Раҳмон аз рушди ҳамкориҳо бо Муғулистон

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкРаисҷумҳури Тоҷикикстон Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ
Раисҷумҳури Тоҷикикстон Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кишвардори Муғулистон номаи табрикотӣ ирсол намуда, дар он аз ҷумла аз рушди ҳамкориҳои дуҷониба ба манфиати мардум изҳори умедворӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Муғулистон Тсахиагийн Элбегдоржро бо 25-умин солгарди ҳамкориҳои сиёсии ду кишвар табрик намуд.

Дар номаи шодбош, ки раисҷумҳури Тоҷикикстон равон намудааст, гуфта мешавад:

"Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли мамнуният шуморо ба муносибати 25-солагии барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон сидқан табрику таҳният мегӯям.

Эмомалӣ Раҳмон, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Украина барқияи табрикотӣ ирсол кард

Мо аз он қаноатмандем, ки тайи ин давра бар асари саъю талошҳои муштарак миёни кишварҳои мо чӣ дар заминаи ҳамкориҳои дуҷониба ва чӣ дар сатҳои ҳамёрии бисёрҷониба муносибатҳои гуногунҷанбаи нек ташаккул ёфтаанд, ки фазои эътимоду ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми мутақобила хоси онҳо мебошад.

Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш, изҳори итминон менамоям, ки равобити ҳасанаи ду кишвари дӯст дар оянда низ ба манфиати мардумонамон бо суръати бештар рушду тавсеа хоҳанд ёфт.

Ба шумо, ҷаноби президент, тансиҳативу комёбиҳои нав ба нав ва ба кишвари дӯсти Монголия — сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоии беш аз пеш орзумандам".

Лентаи хабарҳо
0