ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Пенза аз рӯи далели фавти шаҳрванди Тоҷикистон тафтишот бурда истоданд.
"Бино ба маълумот шаҳрванди 19-солаи Тоҷикистон рӯзи 23-юми апрел зимни таъмири балкон аз ошёнаи ҳаштум сарозер шуда, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ин фоҷиа дар кӯчаи Мири шаҳри Пенза ба вуқӯъ пайваст",-омадааст дар хабарнома.
Маъум гардид, ки ӯ тибқи шартнома дар назди соҳибкоре фаъолият мекардааст.
Дар хулоса кумитаи тафтишот қарори мурофиавӣ қабул хоҳад кард.