ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Камубеш 15 корманди Ожонси мубориза бо фасод дар Тоҷикистон боздошт шудаанд, гузориш медиҳад бунгоҳи хабаргузории ТоҷикТА.
Ин кормандон, ки дар миёнашон раҳбари пешини Идораи бозҷӯии Ожонс Фирӯз Холмуродов низ ҳаст, муттаҳам ба ҷаъли санадҳои расмӣ ва ришваситонӣ шудаанд. Вале дар ин созмон гуфтанд, ки ин кормандон пеш аз ин ки боздошт шаванд, аз кор бар канор шуда буданд ва аз ин рӯ тавзеҳе дар ин бора надоданд.
Аммо расонаҳои тоҷикӣ хабар доданд, ки Давлатбек Хайрзода, муовини пешини раиси Ожонс, низ чанде пеш дар фурӯдгоҳи шаҳри Хуҷанд, ки мехоста аз онҷо ба Маскав парвоз кунад, боздошт шудааст.
Гуфта мешавад, ки афзун бар вай панҷ корманди дигари ожонс, аз он ҷумла раҳбари пешини Идораи бозҷӯии Ожонс Ҷамолҷон Муборов низ боздошт шудаанд. Ӯро муттаҳам ба суъистифода аз мақом ва ҷаъли санадҳои расмӣ кардаанд.
Бино ба гузориши бархе аз расонаҳо, ин боздоштҳо дар паи амалиёти муштараки нерӯҳои амниятӣ, Додситонии кулл ва Ожонси фасодзудоии Тоҷикистон сурат гирифта ва эҳтимолан бо парвандаи мудири пешини Идораи сохтусози шаҳри Душанбе Саидшариф Анваров пайванде доранд. Додгоҳи Душанбе 21 апрел ӯро ба ҷурми ришваситонӣ ва дуздии пули сохтмони бемористони "Истиқлол" барои 18 сол зиндонӣ карда буд.
Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар марти 2017 бархе аз раҳбарони Ожонси фасодзудоиро ҷобаҷо карда буд. Дар солҳои 2015 — 2016 раҳбарии ин созмонро Рустам Эмомалӣ бар уҳда дошт, ки дар оғози соли 2017 шаҳрдори Душанбе таъйин шуд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон пештар аз раҳбарони ин ниҳод хоста буд мубориза бо фасод дар ниҳодҳои кишвардориро густариш диҳанд.