Имсол ду фарзанди Эмомалӣ Раҳмон дар ҳукумати Тоҷикистон ба симатҳои миҳим таъин шуданд. Рустами Эмомалӣ шаҳрдори Душанбе гардид ва раиси Маҷлиси вакилони халқи Душанбе интихоб шуд.
Духтари раисҷумҳур Озода Раҳмон бошад, раиси Дастгоҳи иҷроияи президент таъин гардид. Илова бар ин, яке аз духтарони раисҷумҳур дар Вазорати умури хориҷа фаъолият мекунад.
Моҳи марти соли ҷорӣ писари раисҷумҳури Қазоқистон- Сардор Бердумуҳаммедов раиси Кумитаи парлумон таъин гардид.
Чунин вазъиятро метавон дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ мушоҳида кард.
Масалан дар Қазоқистон соли 2016 духтари раисҷумҳури кишвар Дагира Назарбоева вакили парлумон интихоб шуда, писари Дагира аллакай се сол боз муовини шаҳрдори Остона аст.
"Мероси падар хоҳӣ.." дар Узбакистон моҷарое гаштааст, ки ҳалли онро то ҳол касе намедонад. Чуноне ки маълум аст, духтари калони аввалин президенти кишвар Ислом Каримов — Гулнора Каримова то соли 2014 дар саҳнаи сиёсии Узбакистон нақши муҳимро мебозид.
Аммо, бино бар маълумтҳои гуногун Гулнора бо падар гирди масъалае баҳс мекунад ва пас аз он на танҳо сиёсатро тарк мекунад, балки аз озодӣ маҳрум шуда, ба ҳабси хонагӣ гирифта мешавад.