Ин тавр корро идома додан ғайриимкон аст: Ҳабибуллоев ба истеъфо рафт

© Официальный сайт ФФТМаҳмадҷон Ҳабибуллоев. Акс аз бойгонӣ
Маҳмадҷон Ҳабибуллоев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пас аз шикасти дастаи “Ҳосилот”-и Фархор аз тими ЦСКА “Помир” Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев ба истеъфо рафт

ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умуми Федератсияи футболи Тоҷикистон сармураббии дастаи "Ҳосилот" Мауҳаммадҷон Ҳабибуллоев рӯзи якшанбе дар бораи истеъфои худ эълом кард.

Ин ҳодиса баъди шикасти дастпарварони Ҳабибуллоев аз дастаи ЦСКА "Помир" ба вуқӯъ пайваст.

Бозигарони мунтахаби Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Баъди “Истиқлол”-“Хуҷанд” сармураббӣ иваз кард

Дар ин бозӣ бозигарони шаҳри Душанбе намояндагони тими "Ҳосилот"-ро бо ҳисоби 1:0 мағлуб карданд.

Бино ба маълумоти манбаъ "голи ягонаро дар дақиқаи 87-ум пас аз зарбаи Фирдавс Чакалов футболбози дастаи Фархор-Акуффо Гершон ногаҳонӣ дарвозаи худ зад".

Чуноне худи сармураббӣ қайд кард, далели ба истеъфо рафтани ӯ на мағлубият дастпарваронаш, балки мушкилоти маблағ мебошад.

"Бозигарон чанд моҳ боз музди меҳнаташонро нагирифтаанд, онҳо  дар ҷустуҷӯи дастаҳои нав ҳастанд. Имрӯз дар бозии мо танҳо 13 нафар ширкат кард. Ин тавр корро идома додан имкон надорад. Ман қарор кардам, ки ба истеъфо равам",-изҳор дошт сармураббии "Ҳосилот" баъди бозии даста.

Пештар хабар дода шуд, ки дастаи "Ҳосилот" таҳти роҳбарии Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев барои бори аввал Тоҷикистонро дар сабқати бонуфузи Кубок АФК-2017 муаррифӣ кард.

Вале дар бозии аввалин бо дастаи "Дордой"-и Қирғизистон мағлуб шуд.

4 марти соли равон бошад, дастаи "Ҳосилот" мунтахаби миллӣ-Истиқлолро мағлуб намуда, соҳиби Суперкубоки Тоҷикистон гардид.

Ёдовар мешавем, ки Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев ягона варзишагре нест, ки бо далели мушкилоти маблағ ба истеъфо рафт. Чанде пеш яке аз аввалин футболбоздухтарони тоҷик Фарзона, ки айни ҳол дар Маскав ба сар мебарад, дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон қайд кард, ки дар ҷумҳурӣ ояндае барои футболи занона надид.

Лентаи хабарҳо
0