Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 нафар бе хонаю дар монданд

Обуна шудан
Офати табиъӣ талафоти ҷонӣ дар пай надошт. Айни ҳол ҳукумати кишвар хисороти ба мардум расидаро ҳисоб мекунанд

ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Бино ба иттилоъи сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Умеда Юсупова шаби рӯзи душанбе дар ноҳияи Лахш дар пайи омадани сел шаш манзил, ки дар он зиёда аз 100 нафар ба сар мебурд валангор гардид.

Ба гузориши ӯ сел ними шаб омада ва шаш манзилро вайрон кардааст.

"Дар деҳаи Озодагони ноҳияи Лахш ними шаб сел омад. Сокинони деҳа базур тавонистанд манзилҳои худро тарк карда наҷот ёбанд. Дар шаш манзили харобшуда, зиёда аз 100 нафар ба сар мебурд".

Сел дар шаҳри Хоруғ - Sputnik Тоҷикистон
Сел дар шаҳри Хоруғ хиёбонҳоро баст

Умеда Юсупова ҳамчунин қайд кард, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода борҳо ба сокинони деҳа гуфтаанд, ки манзилҳояшон дар минтақаи хатанок ҷойгир ҳастанд.

Дар баробари ин ду хона ва чанде аз манзилҳои нотайёр дар ҳолати вайроншавӣ қарор доранд. Юсупова илова кард, ки хушбахтона талафоти ҷонӣ миёни сокинони деҳа ба қайд гирифта нашудааст. Айни ҳол масъулини соҳа ҳаҷми хисоротро ҳисоб кард истодаанд.

"Ин деҳа ба рӯйхати 380 минтақаи хатарнок барои зист ворид шуд. Умуман дар минтақаҳои хатарноки Тоҷикистон зиёда аз 1,4 ҳазор оила ба сар мебарад, ки бояд дар давоми се сол (2017-2020) ин имнтақаҳоро тарк кунанд",-гуфт сухангӯи КҲФ.

Вале чуноне намояндагони Кумита қайд мекунанд, аксари сокинони минтақаҳои хатарнок намехоҳанд манзилҳои худро тарк кунанд.

Лентаи хабарҳо
0