БДА: мошинҳои худро аз муоинаи техникӣ гузаронед!

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкМошини пулис. Акс аз бойгонӣ
Мошини пулис. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бозрасии давлатии автомобилии ҶТ дар пайи як эълон аз ронандагон даъват кардааст, то мошинҳои худро аз муоинаи теникӣ гузаронанд

ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Бино ба иттлоиъи  равобити умуми вазорати корҳои дохилии ҶТ, аз 20-ум то 30-уми апрели соли 2017 дар қаламрави кишвар амалиёти "Муоинаи  техникӣ" гузаронида мешавад.

"Бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, беҳбуди вазъи фаннии худравҳо, ҷалби василаҳои нақлия ба муоинаи техникии давлатӣ ва назорати пардохти молиёт аз худравдорон, Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон аз 20-ум то 30-уми апрели соли 2017 дар қаламрави кишвар амалиёти "Муоинаи техникӣ" — ро баргузор мекунад", — омадааст дар иттилоъия.

Ин ниҳод аз тамоми ронандагони василаҳои нақлия хоҳиш мекунад, ки дар баргузории ин амалиёт саҳми арзандаи худро гузоранд.

Лентаи хабарҳо
0