ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik.Хушбахт Қурбонмамадов дар мусобиқаи ҷудо ин дафъа низ дар Амрико ғолиб омад.
Чуноне ки худи варзишгари дар саҳифаи фейсбкиаш хабар медиҳад, ин дафъа вай якбора дар ду котегорияи вазнӣ дар сабқати ҷудо дар иёлоти Ню Ҷерсии Амрико ба мусобиқа баромада, дастболо шудааст.
"Имрӯз бо хости Худованд ман дар мусобиқа иштирок намуда, якбора дар ду вазни гуногун ба сабқат баромадам ва ғолиб омадам. Сипос ба нафароне, ки ба ман боварӣ доштанд",- қайд кардааст варзишгар дар саҳифаи худ.
Чуное ки қайд мегардад, Хушбахт дар вазни 66 килу ва 73 килу дар умум 9 ҳарифро мағлуб намуда, медали тилло ба даст овардааст.
Дар мусобиқаи мазкур 545 тан паҳлавони номҷӯй аз саросари Амрико ширкат варзида, баҳри ба даст овардани Ҷоми ифтихории чорабинӣ талош карданд.
Ёдовар мешавем, ки ин дзюдочии тоҷик дар Амрико бори чандум аст, ки ғолиб мешавад.
Ҳамин тавр, ба наздикӣ Хушбахт сабқати машҳури Jimmy Pedro's Judo Challenge ширкат варзида, ба ҷойи аввал сазовор дорниста шуда буд.