Фотима Маҳмадалиева зеботарин модел дар Осиёи Марказӣ шинохта шуд

© FacebookФатима Мирзохоновна
Фатима Мирзохоновна - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Модели тоҷик Фотима Маҳмадалиева якбора дар се бахш аз озмуни байналмилалии International Fashion House дар Алмаато пирӯз шуд

ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Дар озмуни байнулмилалии моделҳои ҷавон ва тарроҳон Фотима дар се бахш — International Fashion House, "Супер модел-2017" ва "Зеботарин духтари Осиёи Марказӣ" мақоми аввалро ба даст овард.

Ин тоҷикдухтари модел дар бораи пирӯзияш дар сафҳаи фейсбукии худ навиштааст, ки бовар дошт пирӯз мешавад, вале якбора дар се бахши озмун бартар шуданро интизор набуд.

Публикация от Khurshed Sattorov (@sattorovkhurshed) Апр 22 2017 в 10:21 PDT

 

Фотима тоҷи заррини озмуни International Fashion House бар сар гузошт ва дар бахши "Супер Модел 2017" (Super model 2017) ва "Зеботарин духтари Осиёи Марказӣ" мақоми аввалро ба даст овард. Ҷоизаи севумаш як ҳазор евро ва даъват ба озмуни зебоӣ дар Монако ва Маскав аст.

 

Ҷашнвораи зебоӣ ва тарроҳони ҷавон рӯзҳои 20 — 22 апрел дар маркази тафреҳу саргармии "Метро" дар шаҳри Алмаато баргузор шуд.

© FacebookFashion house International
Fashion house International - Sputnik Тоҷикистон
Fashion house International

Ҷашнвораро ширкати Fashion House International (Русия), ширкати Fashion House Kazakhstan (Қазоқистон) ва маркази тафреҳиву саргармии "Метро", клуби "Андеграунд" баргуҳор карда буданд.

Фатима &SK-Collection #SattorovKhurshed Алмата 2017.поздравляю с победой

Публикация от Khurshed Sattorov (@sattorovkhurshed) Апр 22 2017 в 9:34 PDT

 

Лентаи хабарҳо
0