ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умуми Бонки миллӣ, намояндагони БМТ ва Биржаи Маскав дар мавзуъи ҳамкорӣ барои густариши низоми бонкӣ дар кишвар ба мувофиқа расиданд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ҳамтоёни русашро бо вазъи феълии низоми бонкии кишвар ошно намуд ва гуфт, ки бо вуҷуди мушкилоти давраи буҳронӣ нишондиҳандаҳои бахшҳои иқтисодӣ ва низоми бонкии Тоҷикистон мусбат арзёбӣ мешаванд.
Игор Марич низ дар ин дидор таъкид кард, ки ҳадаф аз мулоқот бо раҳбарии БМТ роҳандозии ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон аст.
Ӯ дар бораи анҷоми амалиёти бонкӣ тавассути биржа бо баҳрагирӣ аз аҳрумҳои гуногун ва маҳсулоти дигари ҷолиб гузорише пешниҳод кард.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дар бораи роҳу чораҳои рушди бозори арзи хориҷӣ бо дарназардошти имконоти Биржаи Маскав, Бонки миллии Тоҷикистон, бонкҳои тиҷоратӣ ва хариду фурӯши сомонӣ-рубл табодули назар намуданд.
Раиси бонки миллӣ таъкид кард, ки барои роҳандозии ҳамкориҳои судманд дар ин замина таҳлилу омӯзиши дақиқи ин бозор дар шароити иқтисодии Тоҷикистон зарур аст.