Ҳар касе аз аҳолии ноҳияи Қабала дар Озарбойҷон, ки боре истеъдоди Фотеҳ Боқировро дида бошад, ӯро паҳлавон мехонад.
Ба гузориши Sputnik Озарбойҷон, Фотеҳи шашсола метавонад бо пои бараҳна рӯи шишапораҳо биравад ва бихобад, ҳатто кӯдакеро ҳам рӯи шикамаш савор кунад. Ӯ мегӯяд, ки аз шишапораҳо ҳарос надорад.
"Инро падарам ба ман ёд дод. Шишапораҳо бадани маро намебуранд. Ҳамсолонам аз шиша метарсанд, аз он ҳарос доранд. Мехоҳам дар оянда омӯзгори тарбияи баданӣ шавам ва боз мехоҳам, ки дар оянда куштигири номӣ шуда, медолҳои зиёде ба даст биёрам", — мегӯяд паҳлавони шашсола.
Бояд гуфт, ки Фотеҳ ҳамакнун куштии ҷудоро варзиш мекунад ва дар яке аз мусобиқаҳо соҳиби медоли нуқра ҳам шудааст.