Ҳушдори КҲФ аз резиши тарма ва кӯҳпораҳо

© Sputnik / Птицын / Гузариш ба медиабонкФаромадани тарма дар ВМКБ. Акс аз бойгонӣ
Фаромадани тарма дар ВМКБ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пайи боришҳои бисёр дар ин ҳафта эҳтимол дорад, ки оби рӯдҳо туғён кунад ва хатари резиши тарма ва кӯҳпораҳо низ бештар мешавад

ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон аз афзудани хатари резиши тарма, сел ва кӯҳпораҳо ҳушдор медҳад.

"Рӯзҳои 22-23 апрел дар натиҷаи бориши борони аз ҳад зиёд хатари баланд шудани сатҳи дарёҳо дар назар аст. Дар роҳҳои кӯҳии Тоҷикистон аз ҷумла, дар ВМКБ, хатари фаромадани тарма ва омадани сел пешбинӣ мешавад", — гуфта мешавад дар хабарномаи кумита.

РоҳТоза кардани роҳ аз барф - Sputnik Тоҷикистон
Ағбаи Кӯҳтезак боз аст: хабари дар мондани ронандаҳо кӯҳна шудааст

Дар робита бо ин кумита аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, то худравҳои худро барои сафар дар масофаҳои тулонӣ ҳаматарафа омода кунанд. То ҳадди имкон аз чидани ҳезум ва кишту кор дар доманакӯҳҳо дар ин рӯзҳо худдорӣ намоянд.

Пештар хабар дода шуд, ки сангрезиш дар дараи Пишпарин дар ноҳияи Шуғнон, ки 16 — 17 апрел рӯй дода буд, рафту омад дар роҳи Хоруғ — Ишкошимро баста аст. Хушбахтона, ин офати табиъӣ талафоти ҷонӣ дар пай надошт.

Дар ин росто Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо такя бар додаҳои Созмони ҳавошиносии кишвар аз шаҳвардон хостааст, 22 — 23 апрел аз сафар ба Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон худдорӣ намоянд, зеро дар ин рӯзҳо бориши борон ва эҳтимоли резиши барфу сангу кӯҳпораҳо бисёр боло аст.

Лентаи хабарҳо
0