Гончаров: ҷангиёни ДОИШ ба кишварҳояшон баргашта вазъро ноором мекунанд

© Sputnik / Александр Натрускин / Гузариш ба медиабонкПрезиденти асоссиатсияи ташкилоти "Алфа" Сергей Гончаров. Акс аз бойгонӣ
Президенти асоссиатсияи ташкилоти Алфа Сергей Гончаров. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ" аз Неруҳои ҳавоии Русия дар Сурия шикаст хӯрда ба зодбуми худ - кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз бар мегарданд

ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Дар бораи хатари бозгашти ҷангиёни Давлати Исломӣ (мамнуъ дар Тоҷикистон) ба Русия президенти ассосиатсияи байналмиллалии ташкилоти зидди теруристии "Алфа" ва аъзои палатаи ҷамъиятии Русия Сергей Гончаров дар сӯҳбат бо радиои Sputnik нақл кард.

"Баъди ғолибияти қувваҳои ҳавоии Русия ҷангиёни ДОИШ ба ҳар сӯ гурехтанд, вале бештари аъзоёни Давлати Исломӣ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) ба ватани худ, ҷое, ки дӯстон ва пайвандонашон он ҷост, баргаштанд",-гуфт Гончаров.

Более 30 талибов уничтожено в афганской провинции Гельменд - Sputnik Тоҷикистон
Толибон як пойгоҳи артиши Афғонистонро дар Балх торумор кард

Ба қавли коршинос бозгашти онҳо ба кишварҳои ИДМ ба Русия хатари бузрг дорад.

"Дар ин росто мо мушкил дорем, зеро мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои ИДМ барои пешгирӣ ва роҳ надодани ҷангиён дар қаламрави кишварҳои худ наметавонанд чораандешӣ кунанд".

Дар идомаи сӯҳбат коршинос хабар дод, ки роҳбарони Давлати Исломӣ (мамнӯъ дар Тоҷикитон), ба аъзоёни худ фармон додаанд, то ба ватани худ баргашта дар он ҷо вазъиятро мухолиф гардонанд. Дар ин рӯйхат Русия яке аз аввалинҳо мебошад.

"Ин аз он дарак медиҳад, ки ба мо ҷанг эълон кардаанд",-хулоса кард Гончаров.

Лентаи хабарҳо
0