"Диёри арҷманд": дар Душанбе ҷашнвораи рэпсароён баргузор шуд

© Flickr \ ArtBrom / Гузариш ба медиабонкСаҳна. Акс аз бойгонӣ
Саҳна. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар бинои амфитеатри шаҳри Душанбе ҷашнвораи сурудҳои муосир дар намуди жанрҳои "Rap, RBN, Break dance, Hip Hop dance, Stand up" таҳти унвони "Диёри аҷманд" баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умуми кумитаи ҷавонон, варзиш ва гардишгарӣ 22 апрел дар бинои амфитеатри пойтахт ҷашнвораи сурудҳои муосир баргузор гардид.

Дар фестивал санъаткорони ҷавон сурудҳои худро дар мавзӯҳои ватан, модар, дӯстӣ, табиати зебои диёр, ваҳдату ягонагӣ ва ишқу муҳаббат пешниҳоди мухлисон гардониданд.

Ҷавонони санъаткор бо сурудҳои худ дар намуди жанрҳои муосири "Rap, RBN, Break dance, Hip Hop dance, Stand up" ҳаводорони санъатро шод карданд.   

Бояд гуфт, ки ҷашнвораи мазкур бори нахуст баргузор шуда, ҳадафаш баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тарғиби ғояҳои ваҳдату ягонагӣ, истиқлолияти комил, дастгирии ташаббусу иқдомҳои ҷавонон ва роҳнамоии онҳо ҷиҳати саҳмгузорӣ барои ободу зебо гардонидани кишвар мебошад.

Ҷашнвора бо дастгирии ҳукумати кишвар ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва гардишгарӣ ташкил гардида ба "Соли ҷавонон" бахшида шудааст.

Лентаи хабарҳо
0