ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Дирӯз, 21 апрел дар пойтахти Қазоқистон — шаҳри Остона, нишасти Шурои вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой баргузор шуд, ки дар он созу кори пайвастани Эрон ба ин созмонро низ баррасӣ карданд.
Вале, ба гузориши нашрияи "Известия", пайвастани Эрон ба ин созмон бо мухолифати ҳайъати Тоҷикистон рӯ ба рӯ шудааст.
"Ҳама кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой хостори ҷалби Эрон ба ҳамкории жарфтар дар чорчӯби ин созмон ҳастанд, магар Тоҷикистон", — навиштааст "Известия".
Ин расона далели чунин мавзеъ гирифтани Душанберо ингуна тавзеҳ медиҳад, ки Эрон яке аз раҳбарони мухолифини исломии тоҷикро дар қаламрави худ паноҳ додааст.
"Аз ин рӯ, раҳбарони Тоҷикистон бар ин боваранд, ки Теҳрон бо ин роҳ кӯшиш дорад пояҳои ҳукумати онро ларзон кунад, ки чунин ҳам нест", — таъкид кардааст расона.
Чуноне, ки вазири умури хориҷаи Қазоқистон Ғайрат Абдураҳмонов дар ин нишаст гуфта буд, Остона хостори узвияти тамомъиёри Эрон дар Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой аст. Вай ёдоварӣ кард, ки густариши Созмон дар марҳилаи имрӯзӣ яке аз муҳимтарин масъалаҳост.
"Умедворем, ки кишварҳои узви созмон дар наздиктарин оянда дархости Эрон ва дигар кишварҳои ҳамкорро барои узвияти тамомъиёр ва нозир дар ин созмон посухи мусбат хоҳанд дод", — гуфт вай дар он нишаст.
Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров ҳам дар поёни ин нишаст эълом карда буд, ки Теҳрон "масоъили марбут ба таҳримоти Шурои амнияти Созмони милалро ҳалл карда ва акнун комилан созгор бо меъёрҳои узвият дар Созмони ҳамкориҳои Шангҳай шудааст".
"Эрон масоъилеро ки дар паи таҳримҳои эъломшуда аз сӯи Шурои амнияти Созмони милали муттаҳид пеш омада буданд, ҳалл карда ва акнун бо мизонҳои узвият дар Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой мутобиқати комил дорад", — гуфт Лавров.
Вай афзуд: "Умедворем сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар нишасти худ дар Остона дар моҳи июн битавонанд масъалаи оғози ташрифоти узвияти комили Эронро баррасӣ кунанд".