Сангрезиш чанд рӯз боз роҳи Хоруғ - Ишкошимро бастааст

© Фото : Гурӯҳи фейсбукии Pamir NewsСангрезиш дар Пишпарин. 16-17.04.2017
Сангрезиш дар Пишпарин. 16-17.04.2017 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сангрезиш дар дараи Пишпарин дар ноҳияи Шуғнон, ки 16 - 17 апрел рӯй дода буд, рафту омад дар роҳи Хоруғ - Ишкошимро то имрӯз баста аст. Хушбахтона, ин офати табиъӣ талафоти ҷонӣ дар пай надошт

ДУШАНБЕ, 22 апр- Sputnik. Устондории Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои бозкушоии роҳ коргурӯҳе аз кормандони сохторҳои вилояту ноҳия ташкил дода ва ба ҷойи сангрезиш фиристодааст.

Ба гузориши сухангӯи устондории ВМКБ Нилуфар Асламшоева, бузургии кӯҳпора ва бориши беисти борон роҳсозонро имкон надода, ки дар ин чанд рӯз роҳро боз кунанд, гарчи трактору маводи мунфаҷираро ҳам ба кор бурдаанд. Дирӯз, 21 апрел раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед низ ба маҳалли сангрезиш рафтаву аз раванди поксозии роҳ боздид кардааст.

Муъовини аввали сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулодда дар ВМКБ Гулша Насруллоев, ки раҳбари коргурӯҳи роҳкушо аст, мегӯяд, бориши пай дар паи борон имкон намедиҳад, ки кӯҳпора зуд тарконда шавад. Аммо аз дигар сӯ, таркиш сангрезиши бештареро ҳам дар пай хоҳад дошт, ки барои роҳкушоён хатарнок аст. Вале онҳо кӯшишу талош доранд ҳарчи зудтар ин сангрезишро пок ва роҳро боз кунанд.

Сухангӯи устондории ВМКБ ҳамчунин афзуд, ки роҳкушоён бо хӯроку корафзору маводи мунфаҷир таъмин карда шудаанд ва умедвор шуд, ки бо талошҳои шабонарӯзии роҳкушоён дар наздиктарин замон пайомадҳои ин сангрезиш бартараф ва рафту омад миёни Хоруғ ва Ишкошим барқарор карда шавад.

Имсол зимистон ва баҳор барфу борон дар Кӯҳистони Бадахшон беш аз миёнгини меъёр борида ки дар паи он ҳар аз гоҳе дар дараву кӯҳсорҳо тармаву селу сангрезиш мешавад.

Дар ин росто Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо такя бар додаҳои Созмони ҳавошиносии кишвар аз шаҳвардон хостааст, 22 — 23 апрел аз сафар ба Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон худдорӣ намоянд, зеро дар ин рӯзҳо бориши борон ва эҳтимоли резиши барфу сангу кӯҳпораҳо бисёр боло аст.

Лентаи хабарҳо
0