Шаҳрдори Душанбе боз чанд "Пойтахт"-ро номгардон кард

© Sputnik / Амир ИсаевКультурно-развлекательный парк "Боги Пойтахт"
Культурно-развлекательный парк Боги Пойтахт - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ бо имзои чанд қарор бархе аз муассисаҳои давлатии пойтахтро номгардон кард

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ бо ислоҳи чанд қарори раиси пешини шаҳри Душанбе бархе аз муассисаҳои давлатиро номгардон кард.

Вебгоҳи расмии шаҳрдории Душанбе бо нашри қарорҳои Рустам Эмомалӣ иттилоъ додааст, ки муассисаи давлатии «Боғи Пойтахт» ба «Боғи фарҳангию фароғатии «Хайём» номгардон шудааст. Корхонаи воҳиди давлатии «Маҷмааи савдои Пойтахт-90» бо қарори шаҳрдорӣ «Бозори Меҳргон» номида шудааст.

Ҳамчунин корхонаи воҳиди давлатии «Маркази равобити пойтахт» низ аз ин пас «Маркази ҷавонон» номида хоҳад шуд.

Рустами Эмомалӣ зимни ифтитоҳи телевизиони Футбол, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Рустам Эмомалӣ шабакаи телевизюни “Пойтахт”-ро “Душанбе” номид

Шаҳрдори Душанбе бо қароре дигар корхонаи воҳиди давлатии «Маҷмааи варзишӣ ва фарҳангию фароғатии Наврӯзгоҳи пойтахт»-ро «Наврӯзгоҳ» ном гузошта аст. Ҳамчунин «Маҷмааи савдои Пойтахт-80» бо қарори шаҳрдорӣ «Аҳорун» номида шудааст.

Бино бар гузориши вебгоҳи расмии шаҳрдории Душанбе, мӯҳру санадҳои ин муассисаҳо бар асоси ин номгардонӣ дигаргун карда мешаванд ва байни расонаҳо ин хабар паҳн карда мешавад.

Шаҳрдор Рустам Эмомалӣ пеш аз ин шабакаи телевизюнии «Пойтахт» ва меҳмонхонаи «Пойтахт»-ро низ номгардон карда буд.

Лентаи хабарҳо
0