Сергей Лавров: акнун Эрон низ метавонад ба Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой бипайвандад

Обуна шудан
Нишасти Шурои вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой имрӯз дар пойтахти Қазоқистон шаҳри Остона баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров дар поёни ин нишаст эълом кард, ки акнун Эрон бо мизонҳои узвият дар ин созмон мутобиқати комил дорад.

"Эрон масоъилеро ки дар паи таҳримҳои эъломшуда аз сӯи Шурои амнияти Созмони милали муттаҳид пеш омада буданд, ҳалл карда ва акнун бо мизонҳои узвият дар Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой мутобиқати комил дорад", — гуфт Лавров.

Вай афзуд: "Умедворем сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар нишасти худ дар Остона дар моҳи июн битавонанд масъалаи оғози ташрифоти узвияти комили Эронро баррасӣ кунанд".

Лентаи хабарҳо
0