Синни нафақа барои кормандони гумрук се сол боло рафт

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузариш ба медиабонкГумрук, акс аз бойгонӣ
Гумрук, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Лоиҳаи қонун дар бораи зиёд кардани синну соли нафақаи кормандони гумрук ҳоло ба парлумон пешниҳод карда шудааст

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik.Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод мекунад, ки синни нафақа барои кормандони гумрук баланд карда шавад.

Агар ин лоиҳаи қонунро қабул кунанд, пас кормандони гумрук барои ба нафақа баромадан боз 3 соли дигар кор мекунанд. Ҳамин тавр, генералҳои гумрук метавоннад дар синни 63-солагӣ, офитсерони калон дар синни 58-солагӣ ва офитсерони хурд дар синни 53-солагӣ  ба нафақа бароянд.

Дар ин бора сомонаи хабаргузории Akipress хабар медиҳад.

Гумрукчӣ будан дар Тоҷикистон боиси ифтихор аст, аммо маош дар хадамот на он қадар баланд аст, қайд карда мешавад дар манбаъ.

Гуфта мешавад, ки мақсад аз боло бардоштани синни нафақа  нигоҳ доштани захираҳои зеҳнӣ- кормандони ботаҷриба ва  зиёд кардани даромад аз буҷҷаи давлатӣ мебошад.

Кодекси гумруки Тоҷикстон соли 2004-ум қабул карда шудааст.

Хадамоти гумрук бояд фаъолияти иқтисодиёти кишварро ба танзим дарорад.

Имрузҳо Хадамоти гумрук дар иҷрои даромади буҷҷаи кишвар саҳми калон мегузорад ва бо мақсади таъмини амнияти иқтисодии Тоҷикистон вазифаҳои ҳифзи ҳуқуқиро низ иҷро мекунад ва ҳамчунин дар рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар нақш мебозад.

Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқии гумрукчиён аз мубориза бо қочоқ ва вайрон кардани қоидаҳои гумрук,  муомилаи ғайриқонуни маводи мухаддир,  силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ, берун баровардани дастовардҳои фарҳангӣ ва таърихии халқ, ба танзим даровардани содироти молҳои муҳим иборат аст.

Лентаи хабарҳо
0