ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умуми вазорати умури хориҷии ҶТ дирӯз муовини аввали вазир бо сафири Афғонистон вохӯрд.
Ин вохӯрӣ бо хоҳиши сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Гул Залмай Юнусӣ ба вуқӯъ пайваст.
Манбаъ меафзояд, ки дар рафти суҳбат ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтории мавриди эҳтимоми ҷонибҳо баррасӣ шуданд.