ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Дар Маскав консерти овозхони номдори Тоҷикистон Зулайхо Маҳмадшоева таҳти унвони "Ҷаҳони ишқ" (Мир любви) баргузор мешавад.
Дар ин бора мубтакири консерт Фарҳод Ҷонмаҳмадзода ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Ӯ афзуд, ки консерти Зулайхо танҳо дар пойтахти Русия баргузор шуда ба соли ҷавонон бахшида мешавад.
"Консерт санаи 29-уми апрели соли 2017, соати 16:00 дар толори консертии "Геолог" бо суроғаи истгоҳи метрои Беляево, кӯчаи Миклух Маклай хонаи 23 баргузор мешавад".

Дар назар аст, ки Зулайхо дар ин консерт сурудҳои тозаэҷоди худро пешкаши ҳаводоронаш гардонад.
Клипи охирини Зулайхо Маҳмадшоева моҳи январи соли равон таҳти унвони "Бай-бай" нашр шуд. Матни суруд ба қалами Орзу Исоев тааллуқ дошта, оҳангаш моли Роберт Мирзоян мебошад,
Ин намоҳанг дар Дубай таҳия шудааст.