"Ленинро бояд ба хок супурд” – пешниҳоди тарҳи қонун ба Думаи Русия

© Sputnik / Олег Ласточкин / Гузариш ба медиабонкҶасади Ленин дар Мавзалей
Ҷасади Ленин дар Мавзалей - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чанде пеш бунгоҳи пажӯҳишии “Левада-Центр” назарсанҷие баргузор карда буд, ки дар он аксари ширкаткунандагон хостори хоксупории Ленин шуданд. Бар асоси ин назарсанҷӣ тарҳи қонуне барои хоксупории бунёдгузори Давлати Шуравӣ ба Дума пешниҳод шудааст

ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Чанде аз намояндагони Думаи Русия тарҳи қонуни хоксупории Владимир Ленинро пешниҳод карданд.

Бино ба гузориши РИА Новости, намояндаи Дума Владимир Сисоев гуфтааст:

"Мо бо ҳамкоронамон заминаҳои ҳуқуқии хоксупории Ленинро баррасӣ кардем.  Пешниҳод мекунем, ки қонун "Дар бораи хоксупорӣ" чунон ислоҳ шавад, ки битавон бар асоси он на танҳо Владимир Иличро, балки дигар раҳбарони шуравӣ ва пеш аз онро низ ба хок супурд ё оромгоҳашонро ҷобаҷо кард".

Ин намоянда гуфт, ки Ҳизби либерал—демократ ин иқдомро дастгирӣ кардааст. Чанде пеш бунгоҳи пажӯҳишии “Левада-Центр” назарсанҷие баргузор карда буд, ки дар он аксари ширкаткунандагон хостори хоксупории Ленин шуданд. Бар асоси ин назарсанҷӣ тарҳи қонуне барои хоксупории бунёдгузори Давлати Шуравӣ ба Дума пешниҳод мешавад.

Сисоев таъкид кард, ки ин мавзуъро бояд ҳамин имсол, ки 100-умин солгарди инқилоби Октябр аст, ҳаллу фасл кард ва барои таъйин кардани замону маросими хоксупории ҷасади Ленин бояд коргурӯҳе ташкил шавад.

"Давлати Русия бояд бо қарори худ замон ва маросими хоксупориро дақиқ кунад", — афзуд вай.

Аммо Ҳизби коммунисти Русия бовар дорад, ки ин иқдом "сиёсӣ" аст ва мардум аз он пушибонӣ нахоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0