ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Дар паи баргузории нахустин намоишгоҳи колоҳои санъатии узбакӣ дар Душанбе ва ҳамоиши корофаринону бозаргонони ду кишвар Тоҷикистон ва Узбакистон 20 қарордод ба маблағи куллии 35 милюн дулор бастанд.
Ба гузориши равобити умумии Утоқи бозаргониву саноъеи Тоҷикистон, яке аз ин қарордодҳо тавофуқномаи бораи хариду фурӯши худравҳои Узбакистон дар Тоҷикистон аст, ки дар ҳошияи ҳамоиши бозаргонӣ имзо шуд.
Тавофуқномаи хариду фурӯши худравҳои савориро мудири ширкати "Тоҷ Моторс" Зиё Алигулов ва мудири иҷроии ширкати саҳҳомии "Узавтосаноат" Сарвар Қодиров имзо кардаанд. Маблағи куллии ин тавофуқнома ошкор нест ва ҳануз дониста нест, ки кадом яке аз модеоҳои худрави "Ravon" ва ё дигар худравро дар Тоҷикистон хоҳанд фурӯхт. Гуфтанист, дар соли 2016 ҳаҷми гардиши коло миёни Тоҷикистону Узбакистон 5,7 баробар бештар шуду 69,2 милюн дулорро ташкил дод, ки дар торихи равобити ду кишвар бесобиқа аст. "Таҷ Моторс" фурӯшандаи расмии худравҳои ширкати "Toyota" дар Тоҷикистон аст.
"Равон" ширкати худравсозии Узбакистон аст, ки соли 2015 бунёд шудааст.