ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Имрӯз дар пойтахти Қазоқистон нишасти навбатии Шурои вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви СҲШ баргузор мешавад, ки дар он раҳбарони вазоратхонаҳои Тоҷикистон, Русия, Узбакистон, Чин, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат мекунанд.
Бино бар гузориши РИА Новости, дар ин ҷаласа вазирони умури хориҷа дархости Ҳиндустон барои пайвастан ба Созмони ҳамокриҳои Шонгҳойро баррасӣ хоҳанд кард. Яке дигар аз масъалаҳои муҳиме ки дар ин нишаст баррасии хоҳанд шуд, муборизаи муштарак бо теруризм аст.
Вазирон ҳамчунин тавофуқномаи иҷрои тарҳи таъсиси Донишгоҳи Созмони ҳамкориҳои Шонгҳойро баррасӣ мекунанд. Ин тарҳро Русия пешниҳод карда ва он дар назар дорад, ки камубеш 80 донишгоҳ дар Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Тоҷикистон ва Беларусро бо ҳам пайванд диҳад.
Дар ин росто дафтари матбуъотии вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз Сироҷиддин Аслов бо ҳамтои қазоқаш Ғайрат Абдураҳмонов дидору мулоқот кардааст.
Дар ин дидор вазирони умури хориҷаи Тоҷикистон ва Қазоқистон масъалаҳои муҳими равобити дуҷониба ва дурнамои ҳамкориҳо, аз чумла дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва ҳамчунин масоъили байналмилалӣ ва минтақаиро баҳсу баррасӣ карданд.
Сироҷиддин Аслов ва Ғарйат Абдураҳмонов ҳамчунин дар мавзуъи ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаи амнияти минтақаӣ ва ҳамоҳангсозии кӯшишҳо дар мубориза бо таҳдиду чолишҳо низ табодули афкор карданд.
Ҷонибҳо ҳадафҳои мушаххасро ҷиҳати таҳкими муносибатҳои ду давлат дар заминаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва таробариву иртиботот муайян намуданд.
Дар ин дидор вазирони ду кишвар таъйидномаҳоеро ба якдигар доданд ки бар асоси онҳо Тавофуқномаи ҳамкориҳои роҳбурдӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дорои эътибори расмӣ хоҳад шуд. Ин тавофуқномаро сарони ду кишвар 14 сентябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе имозо карда буданд ва бино бар Протоколи иҷроӣ он аз 20 апрели соли 2017 эътибор пайдо мекунад.