ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Кумитаи низомии СПАД дар нишасте, ки имрӯз дар Минск баргузор мекунад, таҳдидҳои амниятиро баррасӣ хоҳад кард.
Дар имн нишаст фармондеҳони ситодҳои кулли нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон, Белррус, Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон ва муовини аввали раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон ва фармондеҳи Ситоди муштараки СПАД ширкат мекунанд. Ин нишаст ба раёсати раиси Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳ ва муъовини аввали вазири дифоъи Белорус Олег Белоконев баргузор мешавад.
Қарор аст дар ин нишаст таҳдидҳои низомӣ ба амнияти кишварҳо, роҳандозии падофанди ҳавоӣ ва мушакӣ дар чорчӯби манофеъи СПАД ва ИДМ ва парвозҳои байналмилалии нерӯҳои ҳавоии кишварҳои узви СПАД баррасӣ шаванд.
Ҳамчунин қарор аст, ки дар ин нишаст барои бунёди сохторҳои иҷроии Шурои вазирони дифоъи кишварҳои узви СПАД дар заминаҳои иртиботот, пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳ, падофанди ҳавоӣ ва мушакӣ, корбурди нерӯҳои ҳавоии муштараки СПАД ва омӯзиши низомиён баррасӣ шаванд.
Ин нишаст бо имзои протокол ва нақшаи иҷрои қарордодҳо ба поён хоҳад расид.