ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умуми шаҳрдори Душанбе, Рустам Эмомалӣ пас аз пирӯзӣ дар ҳавзаи интихоботии №25 (ноҳияи Исмоили Сомонӣ) ба номзадӣ аз Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон бо дарёфти 84,80 дарсади ороз раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе эълом шуд.
Рустам Эмомалӣ дар суханронияш дар ин ҷаласа гуфт, ки ҳама нерӯи созандаву донишашро барои амалӣ кардани дастуру супоришҳои раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ ва фароҳам овардани зиндагии шоиста барои мардуми пойтахти кишвар ба кор хоҳад гирифт.
© Sputnik / Victoria LyubavinaТарҷумаи ҳоли Рустами Эмомалӣ
Тарҷумаи ҳоли Рустами Эмомалӣ
© Sputnik / Victoria Lyubavina