ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умуми вазорати фарҳанги ҶТ китоби номҳои миллӣ аз ҷониби нашриёти "Истеъдод" ба табъ расида бо се забон навишта шудааст.
Дар ин китоб 3 ҳазор намунаи номҳои миллӣ гирд оварда шудаанд.
Интишори ин "номнома" бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №325 аз 27 июли соли 2016 тавсия шуда ва он беш аз се ҳазор номро дарбар мегирад.
Ҳадаф аз таҳияву интишори “Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ” эҳёи арзишҳои маънавӣ ва сарватҳои бебаҳои торихиву фарҳангии миллӣ тавассути забони миллӣ ва номгузории суннатии тоҷикӣ гуфта шудааст.
© Фото : Аз равобити умуи вазорати фарҳанги ҶТ“Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ”
“Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ”