Боздошти яке аз омодасозони инфиҷор дар метрои Петербург

Обуна шудан
Созмони федеролии амнияти Русия (ФСБ) шаҳрванди яке аз кишварҳои Осиёи Марказиро ба иттиҳоми омодасозии инфиҷор дар метрои Санкт-Петербург боздошт кардааст

Созмони амниятии Русия Аброр Азимовро муттаҳам ба омодасозии Акбарҷон Ҷалилов карда, ки худро 3 апрел дар метрои шаҳри Санкт-Петербургро мунфаҷир карда буд.

Аброр Азимов дар ноҳияи Одинсово дар вилояти Маскав боздошт шуда ва ба Кумитаи бозҷӯии Русия барои бозҷуст вогузор шудааст.

Ёдоварӣ мекунем, дар ҳамлаи интиҳорие, ки 3 апрел дар яке аз истгоҳҳои метрои Санкт-Петербург рух дод, 15 кас кушта ва беш аз 50 кас захмӣ шуданд. Ниҳодҳои амниятии Русия шаҳрванди қирғизтабори Русия Акбарҷон Ҷалилови 22-соларо омили ин ҳамла шинохтанд.

Ба иттиҳоми даст доштан дар ин ҳамла 6 муҳоҷир дар Петербург ва ду кас дар Маскав боздошт шуданд, ки яке аз онҳо шаҳрванди Тоҷикистон Содиқ Ортиқов аст.

Лентаи хабарҳо
0