ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Вазири дифоъву пуштибонии Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон сартип Ҳусайн Деҳқон 25 апрел ба Маскав меояд.
Чунон ки манбаъе дар сафорати Эрон дар Маскав иттилоъ дода, сартип Ҳусайн Деҳқон дар ҳамоиши амниятӣ ҳузур хоҳад ёфт, ки 26 апрел дар Маскав баргузор мешавад. Дар ҳошияи ин ҳамоиш вай дидорҳое дуҷониба, аз он ҷумла бо вазири дифоъи Русия артишбад Сергей Шойгу хоҳад дошт.