Вазирони Тоҷикистон ва Русия дурнамои ҳамкориҳои илмиву омӯзиширо баррасӣ карданд

© SputnikНуриддин Саидзода
Нуриддин Саидзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазирони омӯзишу улуми Тоҷикистон ва Русия дар дидоре дар Маскав ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаи илмиву омӯзиширо баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Вазирони омӯзишу улуми Тоҷикистон ва Русия Нуриддин Саид ва Олга Василева ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаи илмиву омӯзиширо баррасӣ карданд.

Бино ба гузориши сафорати Тоҷикистон дар Русия, дар ин дидор, ки сафири ҶТ дар Маскав Имомуддин Сатторов низ ҳузур дошт, вазирон дурнамои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар заминаи илмиву омӯзишӣ, аз онҷумла дар чорчӯби тавофуқҳои бадастомада дар нишасти Кумисюни ҳамкориҳои иқтисодии ду кишварро баррасӣ карданд.

Ҳамчунин вазири маорифу илми Тоҷикистон ва сафири ҶТ дар Русия аз намоишгоҳи байнулмилалии омӯзишии Маскав-2017 дидан карданд.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар Тоҷикистон намоишгоҳи омӯзишии донишгоҳҳои Русия баргузор шуда буд. Дар чорчӯби барномаҳои он ҳамчунин давраи аввали озмун барои дарёфти бурси таҳсилӣ дар донишгоҳҳои Русия баргузор шуд.

Имсол Русия барои донишҷӯёни тоҷик 600 бурс ё саҳмия дар назар гирифта аст.

Лентаи хабарҳо
0