ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Нашрияи бритонии "The Times" 15 апрел хабар дода буд, ки "вазири ҷанги Давлати исломӣ" Гулмурод Ҳалимов чанде пеш дар яке аз бахшҳои ғарбии Мавсил — охирин пойгоҳи ДОИШ дар Ироқ — дар паи ҳамлаи ҳавоӣ кушта шудааст.
Ин нашрия бо такя ба манобеъаш дар Ироқ гуфта, ки Гулмурод Ҳалимов созмондиҳандаи хатти дифоъии ДОИШ дар Мавсил буд ва ҳамчунин дар ҳамла ба корвонҳои низомии нерӯҳои эътилофи байнулмилалӣ ба раҳбарии Амрико даст дошт.
Дар ин росто РИА Новости гузориш медиҳад, ки вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар паи интишори ин хабар оғоз ба бозҷӯии шароиту далоили кушта шудани Гулмурод Ҳалимов кардааст.
"Мо иттилоъот дар бораи кушта шудани Гулмурод Ҳалимовро аз манобеи худ баррасӣ дорем", — гуфтааст намояндаи ВКД ҶТ ба РИА Новости.
Вай ҳамчунин афзудааст, ки ин фармондеҳи пешини Нерӯҳои ошӯбнишони ВКД Тоҷикистон ҳануз ҳам дар пайгарди байнулмилалӣ қарор дорад ва номаш дар феҳристи Пулиси байнулмилал ё Интерпол оварда шудааст.
"Ҳар гоҳе, ки кушта шудаи Гулмурод Ҳалимов дар Мавсил таъйид шавад, мо хабарашро ба расонаҳо хоҳем дод", — гуфтааст намояндаи ВКД ҶТ.
Ёдоварӣ мекунем, ки Гулмурод Ҳалимов фармондеҳи Нерӯҳои ошӯбнишон ва сарҳанги ВКД Тоҷикистон буд. Ӯ пештар аз кормандони Горди Раёсатҷумҳурии Тоҷикистон буд ва дар солҳои 2003 — 2008 дар пойгоҳи низомии амрикоии "Blackwater" се давраи ҷангомӯзӣ гузаронда аст. Вай соли 2015 ба ДОИШ пайваст