Яке аз барномарезони инфиҷор дар метрои Петербург боздошт шуд

© ФСБ РФ / Гузариш ба медиабонкБоздошти Аброр Азимов
Боздошти Аброр Азимов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Созмони федеролии амнияти Русия (ФСБ) эълом кард, ки яке аз барномарезони бумбгузорӣ дар метрои шаҳри Санкт-Петербургро дар вилояти Маскав боздошт кардааст

ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Бино ба иттилоъи ФСБ, боздоштшуда Аброр Азимов ном дорад ва соли 1990 дар яке аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ зода шудааст.  

Созмони амниятии Русия Аброр Азимовро муттаҳам ба омодасозии Акбарҷон Ҷалилов карда, ки худро 3 апрел дар метрои шаҳри Санкт-Петербургро мунфаҷир карда буд.

Аброр Азимов дар ноҳияи Одинсово дар вилояти Маскав боздошт шуда ва ба Кумитаи бозҷӯии Русия барои бозҷуст вогузор шудааст.

Ёдоварӣ мекунем, дар ҳамлаи интиҳорие, ки 3 апрел дар яке аз истгоҳҳои метрои Санкт-Петербург рух дод, 15 кас кушта ва беш аз 50 кас захмӣ шуданд.

Ниҳодҳои амниятии Русия шаҳрванди қирғизтабори Русия Акбарҷон Ҷалилови 22-соларо омили ин ҳамла шинохтанд. Ба иттиҳоми даст доштан дар ин ҳамла 6 муҳоҷир дар Петербург ва ду кас дар Маскав боздошт шуданд, ки яке аз онҳо шаҳрванди Тоҷикистон Содиқ Ортиқов аст.

Лентаи хабарҳо
0