ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Шаҳрдории Душанбе бо интишори қарори раиси пойтахт Рустам Эмомалӣ ба иттилоъи пойтахтнишинон расонда, ки обрасонӣ ба бархе аз кӯйу хиёбонҳои шаҳр барои ду рӯз қатъ карда хоҳад шуд.
Шаҳрдорӣ далели ин тасмими ширкати давлатии "Обу корези Душанбе"-ро пайваст намудани лӯлаҳои обполо дар бунгоҳи обрасонии «Худравон» эълом кардааст.
Бино бар ин қарор, обрасонӣ аз соати 22:00 рӯзи 17 то соати 22:00 рӯзи 18 апрели соли 2017 ба маҳаллаҳои А. Соатов, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Қ. Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаббибӣ, Умар Хайём ва Сари-Осиё, кӯчаҳои Пӯлод Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, хиёбони Рӯдакӣ (аз чаҳороҳи хиёбони Умари Хайём то кӯчаи Самад Ғанӣ) ва Боғи Айнӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва маҳаллаҳои Нисор Муҳаммад, Қӯрған, Хоруғ, Баҳорӣ ва Бадахшон-1,2, кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, Аҳмади Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Назриқулов, академикҳо Раҷабовҳо ва Садриддин Айнӣ аз хонаи №1 то №77 дар ноҳияи Шоҳмансур қатъ мегардад.
Шаҳрдорӣ зз сокинони маҳаллаю кӯчаҳои номбурда дархост кардааст, ки барои як шабонарӯз оби ошомиданӣ захира кунанд. Ҳамчунин раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансур ва мудири ширкати «Обу корези Душанбе» муваззаф шудаанд, ки дар ин ду рӯз бо истифода аз мошинҳои обкашон, сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯиданӣ таъмин кунанд.