Тоҷикистон ва Русия ҳамкориҳои низомиро баррасӣ мекунанд

© Sputnik / StringerФлаги стран ОДКБ, архивное фото
Флаги стран ОДКБ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндагони Тоҷикистон ва Русия 20 апрел дар Душанбе дурнамои густариши ҳамкориҳои низомии ду кишварро баррасӣ хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Ҳайъате аз Кумисюни саноъеи низомии Русия ба раҳбарии Олег Бочкарев бо намояндагони вазорати саноъеву фанновариҳои нави Тоҷикистон ба раҳбарии Шавкат Бобозода дурнамои ҳакориҳои ду кишвар дар заминаҳои саноеъи низомиву дифоъиро баррасӣ хоҳанд кард.

Бино ба гузориши вебгоҳи расмии Созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ, дар ин музокирот сарпарасти дабиркуллии ин созмон Валерий Семериков низ ширкат хоҳад кард.

Сарони кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ дар Бишкек, 14.04.2017 - Sputnik Тоҷикистон
Пасларзаҳои инфиҷор дар Петербург: дабири кулли нави СПАД таъйин шуд

Қарор аст ки дар ин мулоқот чораҳое барои роҳандозии ҳамкорӣ миёни саноъеи дифоъии Тоҷикистону Русия ҷуста шаванд.

Ҳамчунин қарор аст ки Валерий Семериков бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дидору гуфтугӯ дошта бошад.

Ёдоварӣ мешавад, ки дар нишасти сарони кишварҳои узви СПАД, ки 14 апрел дар Бишкек баргузор шуд, Юрий Хачатуров ба симати дабири кулли СПАД таъйин шуд.

Лентаи хабарҳо
0