Мусофири парвози Душанбе - Хуҷанд: Он тарсу ҳарос ҳаргиз аз ёд нахоҳад рафт

CC BY-SA 2.0 / Lars Steffens / Boeing 737 Somon AirБоинг 737 авиакомпании "Сомон Эйр", архивное фото
Боинг 737 авиакомпании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳавопаймои ширкати мусофирбарии "Сомон Эйр", ки бояд 14 апрел аз фурудгоҳи Душанбе ба Хуҷанд парвоз мекард, ҳангоми суръат гирифтан дар бонди парвоз оташ гирифт. Хушбахтона, мусофирон ҷон ба саломат бурданд, аммо тарсу ҳаросе, ки аз сар гузаронданд, ҳаргиз аз ёдашон нахоҳад рафт

ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Яке аз мусофирони парвози Душанбе — Хуҷанд — Ҷӯрабой Ҷумъаев, мудири ширкати "ART.TJ" — дар мусоҳиба бо хабарнигорамон ин рухдодро чунин боз гуфт:

"Мо бояд соати 18:00 парвоз мекардем, вале парвозамонро барои яку ним соат боз доштанд ва сипас эълом шуд, ки соати 20:30 оғоз мешавад. Ҳангоме, ки савори ҳавопаймо шудем, ҳама чиз маъмулӣ ба назар мерасид, вале замоне, ки ҳавопаймо ба парвоз даромадан гирифт, ногаҳон дуд баланд шуд ва ҳавопаймо башиддат боз истод".       

Ҳавопаймо амалан то поёни бонди парвоз расида буд, вале парвоз накард — халабонҳо вазъро изтирорӣ арзёбӣ карданд ва ҳавогардро боз истонданд.

"Дар даруни салон аз аввал ҳам бӯе буд, — ба ёд меорад Ҷӯрабой Ҷумъаев. — Ҳангоме, ки ҳавопаймо оғоз ба суръат гирифтан кард, дуде баромалу салонро пур кардан гирифт. Мусофирон то дудро диданд, даҳшатзада шуданд".

"Ҳавопаймо бисёр башиддат боз истод. Намедонам, чанд метр то поёни бонд монда буд, вале боз истоданаш бисёр башиддату тунд буд. Даҳшатнок буд: салонро дуду бӯй фаро печида буд. Мусофирон аз тарс доду фарёд мезаданд. Мардум даҳшатзада шуда буд, кӯдакон гиря мекарданд", — мегӯяд ҳамсуҳбатамон.

Пас аз боз истондани ҳавопаймо, мусофиронро аз он пиёда карданду бозпас ба фурудгоҳ бурданд. Касе нагуфт чаро ҳавопаймо боз истод.

Дар фурудгоҳ мусофирон то нимашаб мунтазири ҳавопаймои дигар монданд. Ба гуфти Ҷӯрабой, кормандон аввал ба мусофирон гуфтанд, ки ҳамон ҳавопаймо пас аз бозрасии фанни онҳоро хоҳад бурд. Аммо мусофирон нахостанд бо он парвоз кунанд ва масъулин ваъда карданд, ки барояшон дигар ҳавопайморо омода мекунанд.

"Ҳангоме, ки ба фурудгоҳ баргаштем, яке аз кормандон гуфт, ки ин рухдод коре маъмулӣ аст. Мусофирон то инро шуниданд, фикр карданд, ки агар чунин рухдоде коре маъмулист, пас борҳо рӯй дода, ки барои инҳо маъмулӣ шудааст. Онҳо боварашон ба ин ширкатро аз даст доданд", — гуфт ин мусофир.

Ҷӯрабой ҳамчунин афзуд, ки хидматрасонии меҳмондорон бисёр бад буд:

"Ширкати "Сомон Эйр" дар назар нагирифта, ки бештари мусофирон, шояд 80 дарсадашон, навҷавонону ҷавонони 15 то 30-сола буданд. Бегумон, падару модари ин навҷавонон аз соати 18:00 дар фурудгоҳи Хуҷанд мунтазирашон буданд. Шояд бархе нахустин бор парвоз доштанд. Замоне, ки моро ба фурудгоҳ баргардонданд, ширкат ин нуктаро дар назар нагирифт, ки мусофирон стрессе сахтро аз сар гузаронда ва ниёз ба ёриву оромӣ доранд. Бояд бо мусофирон гуфтугӯ мекарданд, оромашон мекарданд, мегуфтандашон ки чи шуд".

Пас аз як соат интизориву нигаронӣ, аҳволи чанде аз мусофирон буд ва мардум аз кормандони фурудгоҳ ёрӣ хостанд:

"Се тан аз меҳмондоронамон мегуфтанд, ки мусофирон об мехоҳанд. Мо ҳам дархостҳоямонро матраҳ кардем. Мехостем ҳамонҷо эътироз кунем, доду фарёд бизанем. Яке аз мусофирони дилсӯз 4 — 5 баста об хариду ба мусофирон дод. Пас аз ин буд ки ширкат ҳам обу нӯшобаву нону панир оварду ба мусофирон дод, ки шояд тӯшае буд ки аз ҳавопаймо гирифта буданд".

Саранҷом пас аз соатҳо нигаронӣ беш аз 120 мусофир  бо дигар ҳавопаймо ба Хуҷанд расиданд, вале тарсу ҳаросе ки дар Душанбе аз сар гузаронданд, ҳаргиз аз ёдашон нахоҳад рафт.

Лентаи хабарҳо
0