ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Раисумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар нишасти сарони кишварҳои узви Шурои олии иқтисодии АвруОсиё дархост кард, ки дар мавзуъи ихроҷи муҳоҷирон дар қаламрави кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии Авросиё нармтар рафтор шавад.
Ба гузориши Sputnik Қирғизистон, Отамбоев дар ин нишаст гуфт:
"Мо ҳамчун кишваре, ки мутаасифона бисёре аз шаҳрвандонаш дар ҷустуҷӯи кор муҳоҷир мешаванд, пешниҳод мекунем, ки бо муҳоҷироне ки ба ҷурми қонуншиканиҳои кӯчак ихроҷ мешаванд, нармтар бархурд карда шавад".
Раҳбари Қирғизистон ҳамчунин бар аҳамияти идомаи ҳамоҳангсозии қонунҳо барои озодии гардиши коло ва ҳаракати нерӯи кор дар миёни кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии Авросиё таъкид кард.
Владимир Путин низ дар суханронӣ дар ин нишаст таъкид кард, ки ҳаҷми ҳамлу таҳвили коло миёни кишварҳои узви Иттиҳодия соли гузашта 62 дарсадро ташкил кард. Вай ҳамчунин ёдоварӣ кард, ки дар соли гузашта риштаҳои саноъеи тавлидӣ ва кишоварзӣ рӯ ба рушд ниҳодаанд.
"Мехостам махсус таъкид кунам, ки ин рушд бештар ба бозори Русия рост меоянд, ки кишварҳои узви Иттиҳодия низ колоҳояшонро ин бозор мефурӯшанд. Ин ҳам барои ҳамкорони мо ва ҳам барои масрафкунандагони Русия муҳим мебошад", — гуфт вай.
Иттиҳодияи иқтисодии Авросиё — иттиҳодияи ҳамгироии иқтисодии ҷаҳонӣ аст, ки дар асоси Иттиҳодияи гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ 1 январи соли соли 2015 ташкил шудааст.
Ҳамакнун Русия, Арманистон, Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон узви ин иттиҳодия ҳастанд.