Дар ин бора дафтари матбуотии кишвардори Тоҷикистон хабар медиҳад.
Чуноне ки пештар хабар дода будем, имрӯз дар Бишкек мулоқоти сарони кишварҳои аъзои СПАД ва Иттиҳодияи АвруОсиё баргузор мешавад.
Иҷлосияи олии Шурои иқтисодии Аврупо ва мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои СПАД дар меҳмонсарои давлати Қирғизистон "Ало Арча" дар наздикии шаҳри Бишкек баргузор мешавад.
"14-уми апрели соли ҷорӣ дар Бишкек иҷлосияи навбатии Шурои олии иқтисодии Урупосиё ва мулоқоти ғайринавбатии сарони кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ баргузор мешавад", — хабар дода буданд аз дафтари матбуъоти раисҷумҳури Қирғизистон.
Дар рафти мулоқоти ғайринавбатии кишварҳои узви СПАД масоъили густариши созмон ва тавсеъаи ҳамкориҳо дар заминаи амнияти минтақаӣ баррасӣ мешаванд.
Дар ин дидор сарони кишварҳои Тоҷикистон, Арманистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Русия ширкат мекунанд. Қарор аст раисҷумҳури Молдова низ ба онҳо бипайвандад ва дар ин нишаст пайвастани Молдова ба ин иттиҳодия ҳамчун кишвари нозир баррасӣ хоҳад шуд.
Иҷлосияи Шурои олии иқтисодии АвруОсиё ба раёсати раисҷумҳури Қирғизистон баргузор мешавад.