ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Ба гузориши дафтари расонаии Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон, як саркардаи гурӯҳи "Толибон", ки бар 80 ҷангҷӯ фармондеҳӣ дошта, дар вилояти Ҷузҷон боздошт шудааст.
Ин фармондеҳи "Толибон"-ро, ки Ахтар Муҳаммад Билол ном дорад ва дар чандин ҳамла бар корвонҳои кишварӣ ва лашкарӣ, одамрубоӣ ва мингузорӣ дар канори роҳ даст дошта, нерӯҳои амниятии вилояти Ҷузҷон боздошт кардаанд. Ӯ дар бозҷӯӣ эътироф карда ки ахиран қасд дошта ба дастури раҳбарони "Толибон" бо мулло Ҳикматуллоҳ — яке аз фармондеҳони ДОИШ дар он вилоят бипайвандад.
Амнияти миллӣ мегӯяд, гурӯҳи ҳаросафкани "Толибон" бо истифода аз токтикҳои нав қасд дорад то бо пайвастан ба ДОИШ, чеҳра бадал карда ва фаъолиятҳои теруристияшро зери парчами ДОИШ анҷом диҳад.