Қазоқистон дабираашро лотинӣ мегардонад

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкНурсултон Назарбоев. Акс аз бойгонӣ
Нурсултон Назарбоев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳур Нурсултон Назарбоев давлати Қазоқистонро супориш додааст, ки то поёни соли 2017 алифбо ва расмулхатти меъёри қазоқиро омода кунад

ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар мақолааш "Нигоҳ ба оянда: модернсозии худогоҳии иҷтимоъӣ", ки дар нашрияи расмии "Егемен Қазоқистон" мунташир шуда, навиштааст, ки давлати ҷумҳуриро муваззаф кардааст, ки бо ҳамкории донишмандон ва ҷомеъа то поёни соли 2017 шароити гузор ба хатти лотиниро фароҳам оварад ва алифбову расмулхатти меъёри қазоқиро омода кунад.

Раҳбари Қазоқистон дар ин мақола, ки ба забони қазоқӣ навишта ва дар пойгоҳи иттилоърасонии раисҷумҳурӣ низ мунташир шудааст, таъкид карда, ки Қазоқистон бояд аз соли 2018 омодасозии коршиносон барои омӯзондани алифбои лотинибун ва таҳияву тадвини китобҳои дарсӣ барои мактабҳои миёнаро оғоз кунад.

Элбосӣ Назарбоев таъкид кардааст, ки "раванди гузор ба хатти лотинӣ бояд дар соли 2025 ба поён бирасад ва то он замон бояд ҳама асноди расмии коргузорӣ, нашрияҳо ва китобҳои дарсӣ ба хатти лотинӣ мунташир шаванд". Аммо, вай ҳамчунин гуфта, ки дар мароҳили оғозии гузор аз хатти кириллӣ дар канори лотинӣ истифода хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0