ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Ҳаводорони асабонии дастаи "Ҳосилот" пас аз шикасти он аз "Истиқлол" даҳҳо сандалии Варзишгоҳи маркази шаҳри Душанберо шикастанд.
Бозии "Ҳосилот" бо "Истиқлол" 11 апрел бо шикасти дастаи фархорӣ бо ҳисоби бузурги 2:8 ба поён расид.
"Ҳаводорони "Ҳосилот" даҳҳо сандалии Варзишгоҳи марказии Душанберо пас аз торумори шудани дастаи фархорӣ аз дасти "Истиқлол" (2:8) шикастанд", — навиштааст дар сафҳаи фейсбукияш сухангӯи Федеросюни футболи Тоҷикистон Фаридун Солиев.
Вай тасовире аз сандалиҳои шикастаи варзишгоҳ ва чойхӯрии футболдӯстони урупоиро дар канори ҳам гузоштаву навиштааст:
"Аммо ҳаводорони "Боруссия" пас он ки бозии чорякниҳоии Лиги қаҳрамонони Урупоро як рӯз ақиб андохтанд, ҳаводорони "Монако"-ро дар хонаҳои худ сарпаноҳ доданд. Инро мегӯянд фарҳанги ҳаводории футболдӯстон!".

Бархе аз корбарони Фейсбук ҳам ин мавзуъро баррасӣ кардаву рафтори ҳаводорони дастаи фархориро "ифрот аз ҳадди маъқул" хонда ва аз Федерсюни футбол хостаанд "Ҳосилот"-ро муҷозот кунад ва ҳаводоронашро аз ширкат дар ҳама бозиҳо то поёни ин даври қаҳрамонӣ маҳрум кунад.