ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Вазоратхонаҳои дифоъи Русия, Қирғизистон ва Тоҷикистон тавофуқномае таҳия кардаанд, ки бар пояи он сомонаи муштараки падофанди ҳавоии се кишвар созмон дода хоҳад шуд.
Дар ин бора раиси Ситоди кулл ва муъовини аввали фармондеҳи кулли Нерӯҳои ҳаво-фазоии Русия сипаҳбад Павел Кураченко иттилоъ дод.
"Тарҳи тавофуқномаи созмондиҳии сомонаи муштараки падофанди ҳавоӣ миёни Русия, Қирғизистон ва Тоҷикистон таҳия шуда ва ҳамакнун мароҳили ҳамоҳангсозиро дар вазоратҳои дифоъ ва додгустарии ин кишварҳо мегузарад", — гуфт сипаҳбад Кураченко дар нишасти Кумитаи ҳамоҳангсозии сомонаи муштараки падофанди ҳавоии Шурои вазирони дифоъи Иттиҳодияи кишварҳои ҳамсуд.
Вай афзуд, ҳамакнун вазорати додгустарии Тоҷикистон тарҳи тавофуқномаи Русияву Тоҷикистонро баррасӣ дорад. Тавофуқнома бо Қирғизистон бо вазорати дифоъи Русия ҳамоҳанг шуда ва барои ҳамоҳангсозӣ ба вазорати дифоъи Қирғизистон фиристода шудааст.
Сипаҳбад Кураченко ёдоварӣ кард, ки чунин тавофуқномаҳо бо вазоратхонаҳои дифоъи Арманистон, Белорус ва Қазоқистон низ ҳамоҳангу имзо шуда ва сомонаи муштараки падофанди ҳавоии ин кишварҳо амалиётӣ хоҳад шуд.
Сомонаи муштараки падофанди ҳавоии кишварҳои ҳамсуд ҳамакнун 19 ягони ҳавопаймоӣ, 38 ягони нерӯҳои падофанди ҳавоӣ, 15 ягони нерӯҳои родюэлектруник, 9 типи падофанди ҳавоӣ ва 3 ягони падофанди родюэлектруникро дар бар мегирад.