Филми коргардони ҷавони тоҷик номзади ҷоизаи қирғизии “Оқ Илбирс” шуд

© личный архив режиссераКоргардони тоҷик Румӣ Шоазимов
Коргардони тоҷик Румӣ Шоазимов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Филми Румӣ Шоазимов “Хоби маймун” номзади "Оқ Илбирс" - ҷоизаи миллии синамоии Ҷумҳурии Қирғизистон шуд

ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Филми Румӣ Шоазимов "Хоби маймун" номзади ҷоизаҳои ҷашнвораи "Оқ Илбирс" дар се бахш — "Беҳтарин филми Осиёи Марказӣ", "Беҳтарин бозигари нақши мард дар Осиёи Марказӣ" ва "Беҳтарин бозигари нақши зан дар Осиёи Марказӣ" шуд.

Маросими эҳдои ин ҷоиза 14 апрел дар Бишкек баргузор мешавад. Филми ин коргардони 24-солаи тоҷик дар се бахш бо филмҳои коргардонҳои узбак ва қирғиз рақобат мекунад.

"Хоби маймун" нахустин филми комили Румӣ Шоазимов аст ва соли 2016 аз рӯи достони кӯтоҳи нависандаи инглис Уилям Ҷекобс "Панҷаи маймун" (The Monkey's Paw) сохта шудааст.

Ин филм дар пайравӣ аз он достон ҳамон идеи қадимии "се орзуе, ки бароварда мешаванд"-ро бознамоӣ мекунад ва дар он панҷаи як маймун орзуҳоро бароварда месозад. Нукта инҷост ки панҷа ҳар орзӯеро, ки  бароварда мекунад, дар паяш арзишмандтарин доштаҳои орзӯкунандаро аз ӯ мегирад. Дар ин филм панҷаи маймун фарзанди қаҳрамони аслиро аз ӯ мегирад. Паёми ахлоқии ин филм ин аст ки нишон медиҳад гоҳе зиндагии воқеъӣ басе беҳтар аз зиндагие аст ки орзӯяшро дорем.

Нахустнамоиши ҷаҳонии филм соли гузашта дар ҷашнвораи "Край света" дар Сахалин баргузор шуда буд. Нақшҳои аслииро онро ҳунарпешаҳои номии тоҷик Баҳодур Миралибеков ва Зулфия Содиқова офаридаанд.

"Оқ Илбирс" (Озодапаланг) — ҷоизаи миллии синамоии Ҷумҳурии Қирғизистон аст, ки Иттиҳодияи синамогарони Қирғизистон, Бунёди иҷтимоъии "Ойтиш" ва Бунёди густариши синамои Қирғизистон барои арҷгузорӣ ва арзёбӣ аз синамогарон ва дастовардҳояшон таъсис додаанд.

Барандагони ин ҷоиза тандиси озодапалангро дарёфт мекунанд.

© личный архив режиссераБанер фильма "Сон обезьяны"
Банер фильма Сон обезьяны  - Sputnik Тоҷикистон
Банер фильма "Сон обезьяны"

Соли гузашта дар бахши "Беҳтарин филми Осиёи Марказӣ" филми коргардони узбак Ёлқин Тӯйчиев баранда шуда буд. Ду бахши дигар имсол барои нахустин бор ташкил шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0