ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин қарори раисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро дар бораи салби шаҳрвандӣ аз теруристҳо тафсир кард.
Пештар раисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев гуфта буд, ки шаҳрвандии кишварро аз қазоқистониҳое, ки ба гурӯҳи теруристии "Давлати исломӣ" пайвастаанд, аз онҳо хоҳанд гирифт.
"Бино бар қонунгузории Қазоқистон, агар шаҳрванде ба гурӯҳҳои ифротӣ бипайвандад, дигар ба кишвар бар намегардад ва шаҳрвандӣ аз ӯ бардошта мешавад", — таъкид кард Нурсултон Назарбоев.
Вай ҳамчунин ёдоварӣ кард, ки камубеш панҷ ҳазор шаҳрванди ҷумҳуриҳои пешини Иттиҳоди Шуравӣ зери парчами ДОИШ меҷанганд.
Владимир Путин дар мусоҳиба бо шабакаи телевизюнии "Мир 24" дар посух ба суоле дар бораи ин қарори Нурсултон Назарбоев гуфт:
"Бино бар Қонунии асосии Русия мо наметавонем шаҳрвандии кишварро аз касе бигирем. Вале мо метавонем муқарраротеро лағв кунем, ки метавонанд далеле барои дарёфти шаҳрвандии Русия шуда бошанд".
Вай афзуд, ки дар ин мавзуъ бо ҳуқуқдонони Русия ройзанӣ хоҳад кард ва умедвор шуд, ки "чунин тасмимоте дар наздиктарин замон гирифта шаванд".