Дар Душанбе ва Хуҷанд намоишгоҳи байнулмилалии омӯзишии Русия баргузор мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевҶавонони тоҷик, акс аз бойгонӣ
Ҷавонони тоҷик, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳадаф аз баргузории ин намоишгоҳ огаҳирасонӣ ба донишомӯхтагони мактабу донишгоҳҳои Тоҷикистон дар бораи риштаҳои омӯзишӣ ва шароити таҳсил дар Русия аст
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Шашумин намоишгоҳи байнулмилалии "Российское образование: Душанбе-2017" 13-14 апрел дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон  баргузор мешавад.
Дар ин бора вебгоҳи расмии Созмони федеролии ҳамкориҳо бо кишварҳои ҳамсуд (Россотрудничество) хабар медиҳад.
Ин намоишгоҳро Намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми ҶТ ва бо пуштибонии сафорати Русия дар Душанбе ва Вазорати маориф ва илми Русия баргузор мекунанд.

Имсол дар ин намоишгоҳ камубеш 40 донишгоҳи Русия ширкат хоҳанд кард.

Меҳмонони намоишгоҳ метавонанд дар бораи донишгоҳҳо, риштаҳои таҳсилӣ, барнома ва шароити таҳсил дар Русия ошно шаванд. Ҳамчунин боздидкунандагон метавонанд аз намояндагони донишгоҳҳои олии Русия дар бораи тартиби пазириши донишҷӯён аз Тоҷикистон иттилоъ дарёфт кунанд.

Ҳадаф аз баргузории ин намоишгоҳ огаҳирасонӣ ба донишомӯхтагони мактабу донишгоҳҳои Тоҷикистон дар бораи риштаҳои омӯзишӣ ва шароити таҳсил дар Русия, муъаррифии дастовардҳои илмии Русия ва ҷалби таваҷҷуҳи хориҷиён ба барномаҳои русӣ ва ташкили фазои муштараки илмиву таълимӣ дар паҳнаи Иттиҳодияи кишварҳои ҳамсуд аст.

Маросими ифтитоҳи намошгоҳ 13 апрел соати 10:00 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур баргузор мешавад. Дар рӯзи аввал намоишгоҳ то соати 17:00 кор хоҳад кард ва рӯзи дувум аз соати 09:00 оғоз ба кор мекунад.

Ин намоишгоҳ ҳамчунин 16 апрел дар Хуҷанд дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқи, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон аз соати 10 то 17:00 баргузор хоҳад шуд.

Феҳристи донишгоҳҳое, ки  дар ин намоишгоҳ ширкат мекунанд, дар пайванди зер оварда шудааст:

http://tjk.rs.gov.ru/ru/news/10628

Лентаи хабарҳо
0