ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон дар номаи таслият ба раисҷумҳури Миср ҳамлаҳои интиҳорӣ ба калисоҳоро шадидан маҳкум кард.
Дар ин нома, ки матни онро дафтари расонаии раёсати ҷумҳурӣ мунташир кардааст, аз ҷумла гуфта мешавад:
"Хабари ҳамлаҳои ғайринсонии интиҳориён ба ду калисои ҷомеи қибтиҳо дар кишвари дӯсти Миср, ки бар асари онҳо даҳҳо мардуми осоишта ба ҳалокат расида, ҷароҳати вазнин бардоштанд, боиси андӯҳ ва нафрати беандозаи ин ҷониб гардид".
"Мо ин амалҳои маргталабонаро бо нигаронии шадид маҳкум намуда, зарурати бетаъхири тақвияти муборизаи қотеонаро бо ҳамагуна зуҳуроти терроризм ва ифтротгароӣ дар сатҳҳои мухталиф муҷаддадан таъкид менамоем", — омадааст дар барқияи таслияти кишвардори Тоҷикистон ба раисҷумҳури Миср.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ҳамдардии худро ба хонаводаҳову наздикони кушташудагон ва мардуми Миср изҳор доштааст.
Ёдоварӣ мекунем, ки дар ҳамлаҳои интиҳорӣ ба калисоҳои масеҳиёни қибтӣ дар шаҳрҳои Танто ва Искандария, ки 9 апрел сурат гирифта буданд, камубеш 44 кас кушта ва даҳҳо кас захмӣ шуданд. Масъулияти ин ҳамлаҳоро созмони теруристии "Давлати исломӣ" бар уҳда гирифт.