ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон сафтабозон ё спекулянтҳоро дар коҳиши арзиши сомонӣ нисбат ба дулор муттаҳам кардааст.
Ин авохир арзиши сомонӣ нисбат ба дулор рӯз аз рӯз бештар коҳиш меёбад.
Имрӯз ҳар як дулорро 8,39 сомонӣ мефурӯшанд, аммо як моҳ пеш аз ин як дулор баробар бо 8,15 сомонӣ буд. Дар аввали соли 2017 як дулор бо 7,92 сомонӣ баробар буд. Афзун бар ин гаронӣ дулор камёб ҳам шудааст.
Бино ба гузориши Бонки миллии Тоҷикистон, бархе дар паи судҷӯӣ аз ин вазъ аз бонкҳо дулорро бисёр харид мекунанд то дигар шаҳрвандон натавонанд арз бихаранд ва сипас дулорро ғайриқонунӣ бо нархи гарон мефурӯшанд. Ин гуна судҷӯиро сафтабозӣ ва он судҷӯёнро сафтабоз меноманд.
Сафтабозии судҷӯён мардумро нигарон карда ва бисёре саросема аз саррофиҳо дулор мехаранд.
"Маҳз аз ҳамин сабаб талабот нисбати дулор дар кишвар калон шудааст ва боиси баланд рафтани қурбони он низ ҳисобида мешавад", — гуфта мешавад дар эъломияи Бонки миллӣ.
БМТ ба бонкҳои кишвар вазифа додааст, ки аз ҳисоби асъори аз аҳоли харидашуда ва захираҳои ташкилот фурӯши дулорро ба роҳ монанд ва шахсонеро, ки доим дар намуди калон дулор харидорӣ мекунанд муайян намуда, онҳоро ба қайд гиранд.
"Ташкилотҳои қарзӣ бояд барои муайян ва баҳисобгирии шахсони воқеие, ки мунтазам асъори нақдро бо мақсади гирифтани даромади ҳаннотӣ харидорӣ менамоянд, чораҳои зарурӣ андешида, фурӯши нақдинаро ба онҳо манъ намоянд".
Бонки миллии Тоҷикистон аз шаҳрвандон ва бунгоҳҳои иқтисодӣ хоҳиш кардааст, ки "ба ҳаргуна овозаҳои беасос бовар накарда, дар мубодилаи маблағҳои пулиашон ба саросемагӣ роҳ надиҳанд ва аз муомилаи ғайрирасмӣ бо шахсони воқеии алоҳида худдорӣ карда, амалиёти мубодиларо танҳо дар муассисаҳои ташкилотҳои қарзӣ анҷом диҳанд".